Хабарҳо
Баргузории ҷаласаи навбатии ҳамоҳангсозон ва коршиносони бонкҳои аъзои Иттиҳоди байнибонкии Созмони ҳамкории Шанхай
Ҳайати кории КВД БА ҶТ «Амонатбонк» бо роҳбарии муовини раиси Раёсати Бонк Ризвонзода Фирдавс Зикр санаи 16 майи соли ҷорӣ дар кори ҷаласаи ҳамоҳангсозон ва коршиносони бонкҳои аъзои Иттиҳоди байнибонкии Созмони ҳамкории Шанхай (ИББ СҲШ), ки таҳти раисии Бонки рушди Қазоқистон ба таври маҷозӣ баргузор гардид, иштирок ва маърўза намуданд.
Иштироки раиси Раёсати КВД БА ҶТ "Амонатбонк" Салимзода Алиҷон Абдуҷалол дар чорабинии «Ташхис оид ба навовариҳои бонкӣ»
Санаи 15 майи соли 2024, дар шаҳри Барселонаи Шоҳигарии Испания бо ташаббуси Институти умумиҷаҳонии бонкҳои амонатгузорӣ (WSBI) ва бо дастгирии бевоситаи Кайша бонки Испания (Caixa Bank) чорабинии «Ташхис оид ба навовариҳои бонкӣ» баргузор гардид.
Масъулини Амонатбонк оиди маҳсулотҳои қарзӣ ба шунавандагони "Радиои Ховар" ва "Радиои Ватан" маълумот доданд.
Амонатбонк бо мақсади дастгирии кишоварзони мамлакат, рушди соҳаҳои саноат, сохтмон,тиҷорат ва хизматрасонӣ оғоз аз санаи 01-май соли ҷорӣ, меъёри фоизи қарзҳоро аз 2 то 4 банди фоизӣ кам намуд.
Иштироки Амонатбонк дар намоишгоҳи байналмилалии универсалии “Тоҷикистон 2024”
Санаи 03-уми майи соли ҷорӣ бо ибтикори Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар “Маркази намоишгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе” (Dushanbe Expo Center), намоишгоҳи байналмилалии универсалии “Тоҷикистон 2024” баргузор гардид.
Семинар дар мавзўи “Банақшагирии гузариши иқлим”
Санаи 23-юми апрели соли ҷорӣ аз ҷониби Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд (БАТР) дар ҳамкорӣ бо КВД БА ҶТ “Амонатбонк” барои намояндагони бонкҳои тиҷоратии кишвар-шарикони БАТР семинар дар мавзўи “Банақшагирии гузариши иқлим” ташкил ва гузаронида шуд.